ФАЗЛ ВА ТАРАҚҚИЁТИ РУҲОНӢ (#15656)

Илоҳо, Маъбудо! Ибодатро аз самараи вуҷуд маҳрум манамо, ва аз баҳри ҷудат қисмате ато фармо. Туӣ Муқтадире, ки куввати олам қуввататро заиф нанамуд, ва шавкати умарои арз Туро аз машийятат боз мадошт. Аз Ту металабам фазли қадиматро ва инояти ҷадидатро. Туӣ Фаззол ва Ғаффор, ва Туӣ Бахшанда ва Тавоно.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ФАЗЛ ВА ТАРАҚҚИЁТИ РУҲОНӢ (#15657)

Илоҳо, Каримо, Раҳимо! Туӣ он Султоне, ки ба як калимаат вуҷуд мавҷуд гашт ва Туӣ он Кариме, ки аъмоли бандагон бахшишатро манъ нанамуд, ва зуҳуроти ҷудатро боз надошт. Аз Ту суол менамоям, ин абдро фоиз фармоӣ ба он чӣ сабаби наҷот аст дар ҷамеъи аволими Ту. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Олим ва Доно.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ФАЗЛ ВА ТАРАҚҚИЁТИ РУҲОНӢ (#15658)

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо! Шаҳодат медиҳам ба ваҳдонияти Ту ва фардонияти Ту ва ба бахшишҳои қадим ва ҷадиди Ту. Туӣ Он Кариме, ки амтори саҳоби самои раҳматат бар шариф ва вазеъ борида. Ва ишроқоти анвори офтоби бахшишат бар осӣ ва мутеъ тобида. Эй Раҳиме, ки созиҷи раҳмат бобатро соҷид, ва ҷавҳари иноят Каъбаи Амратро тоиф. Аз Ту суол менамоем, фазли қадиматро металабем, ва ҷуди ҷадидатро меҷуем, ки бар мазоҳири вуҷуд раҳм фармоӣ ва аз фуюзоти айёмат маҳрум насозӣ. Ҷамеъ муҳтоҷ ва фақиранд, ва Антал Ғаниюл Ғолибул Қадир

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ФАЗЛ ВА ТАРАҚҚИЁТИ РУҲОНӢ (#15659)

Илоҳо, Каримо, Раҳимо! Оё аз барои олам самъ ва басар ато фармудӣ ва ё ин, ки маҳрум доштӣ? Аз Ту суол менамоям ба иззат ва азамат ва ҷуд ва карамат, ки он чӣ ато фармудӣ, зоҳир намоӣ, то неъматат бар оламиён ҳувайдо гардад, ва ишроқоти анвори найири ҷуд ҷамеъи вуҷудро мунаввар фармояд. Қасам ба Зоти муқаддасат, агар ба давоми мулк ва малакутат изҳор надорӣ, дар бахшиш ва атоят аз барои вуҷуд райбе ҳосил на. Ғано они Ту, ва фуқаро ба боби Ту. Агар ато фармоӣ, шокирем, ва агар маҳрум намоӣ, ҳомидем ва собирем. Эй Парвардигор! Аз иродаат ба вуҷуд омадем, ва ба Ту дар явми Ту роҷеъ гаштем. Ин ходим соил ва омил, ибодатро аз амвоҷи баҳри атоят манъ мафармо, ва куллро ба тарози ҷуд ва бахшишат музайян намо. Иннака Антал Муқтадирул Азизул Ҳамид.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ФАЗЛ ВА ТАРАҚҚИЁТИ РУҲОНӢ (#15660)

Илоҳо, Маъбудо, Малико! Ҳамд ва сано сазовори Туст, чаро ки аз мушти туроб халқро халқ фармудӣ ва гавҳари биниш ва дониш ато намудӣ. Эй Карим, аз Ту металабем он чиро, ки сабаби ҳаёти абадӣ ва зиндагии сармадист. Моро маҳрум манамо. Вуҷуд аз ҷудат мавҷуд, уро аз тирози иноят манъ мафармо ва куллро ба таҷаллиёти анвори найири тавҳид мунаввар гардон. Лакал амру фил мабдаил вал маод ва лакал ҳукму ё Моликал эҷод ва Моликал ибод.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ФАЗЛ ВА ТАРАҚҚИЁТИ РУҲОНӢ (#15661)

Ба лисони ҷон Маҳбуби имконро нидо кун ва бигу! Эй Худои ман ва Молики ман, ва Дусти ман, ва Маҳбуби ҷон ва равони ман! Чӣ гуна аз уҳдаи шукри Ту бароям? Дар баҳри ғафлат ва нодонӣ мустағрақ будам, лисони фазлат маро нидо намуд, ва яди иноятат маро ахз кард. Эй Парвардигори ман! Ғафлати ман ба мақоме расид, ки маро аз Фуроти азби яқин маҳрум сохт, ва ба моъи садиди зунун роҳ намуд. Аз зикрат ғофил шудам, ва Ту аз ман ғофил нашудӣ. Аз ҳуббат махмуд будам, ва нори инояти Ту муштаъил. Ба кадом ваҷҳ ба Ту таваҷҷуҳ намоям, ва ба чӣ лисон Туро бихонам? Хиҷлат ва инфиъол маро фуру гирифта, ва аз ҷамеъи ҷиҳот маъюс сохта. Валекин Эй Парвардигори ман, ва Мақсуди ман ва Мавлои ман! Шунидаам, ки фармудаӣ: Имруз рузест, ки агар як бор нафсе аз руйи сидқ “Рабби! Аранӣ!” гуяд, аз Малакути Баён “Унзур! Tаронӣ!” истимоъ намояд. Ва аз ин калимаи муборакаи олия мақоми имруз маълум ва возеҳ аст. Ва ҳамчунин фармудаӣ, ки агар нафсе аз аввали ло аввал, аз ҷамеъи аъмоли ҳасана маҳрум монда бошад, ал явм тадоруки он мумкин аст. Чӣ ки дарёи ғуфрон дар имкон зоҳир, ва осмони бахшиш муртафеъ. Суол мекунам аз Ту, ба ҳурмати ин рузи муборак, ки масдар ва матлаъи айём аст, маро ба ризои Худ муваффақ бидорӣ, ва ба тарози қабул музайян намоӣ. Ай Раббӣ! Aнал мискин, ва индака Баҳрул ғано, ва ан ал ҷоҳил ва индака Кунузал илму вал ирфон, ва ан ал баъид, ва иннака Антал Муқтадирул Мутаолиюл Қариб.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ФАЗЛ ВА ТАРАҚҚИЁТИ РУҲОНӢ (#15662)

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо, Муқтадиро! Шаҳодат медиҳам, ки Ту ба васфи мумкинот маъруф нашавӣ, ва бо азкори мавҷудот мавсуф нагардӣ. Идрокоти олам ва уқули умам ба соҳати Қудсат ало моянбағӣ роҳ наёбад ва пай набарад. Оё чӣ хато аҳли мадинаи асморо аз Уфуқи аълоят манъ намуд ва аз тақарруб ба Баҳри аъзамат маҳрум сохт? Як ҳарф аз Китоби Ту - уммул баён, ва як калима аз он - мавҷиби имкон. Чӣ носипосӣ аз ибодат зоҳир, ки куллро аз шиносоият боз доштӣ? Як қатра аз дарёи раҳматат нори ҷаҳимро бияфсурад ва як ҷазва аз нори муҳаббатат оламро барафрузад. Эй Алим! Агарчи ғофилем, валекин ба карамат муташаббис, ва агарчи ҷоҳилем ба баҳри илмат муттаваҷеҳ. Туӣ он Ҷаводе, ки касрати хато Туро аз ато боз надорад, ва эърози аҳли олам неъмататро садд нанамояд. Ба оби фазлат лозол мафтуҳ буда, шабнаме аз дарёи раҳматат куллро ба тарози тақдис музайян фармояд ва рашҳе аз баҳри ҷудат тамоми вуҷудро ба ғанои ҳақиқӣ фоиз намояд. Эй Саттор, парда бармадор! Лозол зуҳуроти карамат оламро иҳота намуда ва анвори Исми Аъзамат бар кулл тобида. Ибодатро аз бадоеъи фазлат маҳрум манамо ва огоҳӣ бахш, то бар ваҳдониятат гувоҳӣ диҳанд ва шиносоӣ деҳ то ба Суят Раҳматат мумкинотро иҳота намуда ва фазлат куллро ахз карда, аз амвоҷи баҳри бахшишат буҳури талаб ва тамаъ зоҳир, ҳар чи Ҳастӣ Туӣ. Модунат лоиқи зикр на, ило бид духул фи зиллика вал вуруд фи бисотик. Дар ҳар ҳол омурзиши қадиматро металабем, ва фазли ъамиматро меҷуем. Умед чунон, ки нафсеро аз фазлат маҳрум насозӣ ва аз тарози адл ва инсоф манъ нанамоӣ. Туӣ Султони карам ва Молики ато вал муҳаймин ало манфил арзи вас само.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ФАЗЛ ВА ТАРАҚҚИЁТИ РУҲОНӢ (#15663)

Қалбан тоҳиран фахлуқ фия, Ё Илоҳӣ! Сирран сокинан ҷаддид фия, Ё Му-ноӣ! Ва би-руҳил-қуввати саббитнӣ ало Амрика Ё Маҳбубӣ! Ва би-нурил-азамати фа-шҳиднӣ ало сиротика Ё Раҷоӣ! Ва би-султонир- раъфати ило самои қудсика арриҷнӣ Ё Аввалӣ! Ва би-арёҳис-самадияти фа- бҳиҷнӣ Ё Охирӣ! Ва бинағамотил-азалияти фа-стариҳнӣ, Ё Мунисӣ! Ва би-ғанои Талъатикал-Қадимати наҷҷинӣ ан дуника Ё Сайидӣ! Ва би-зуҳури Кайнунатикад- Доимати башширнӣ Ё Зоҳиру фавқа зоҳирӣ, вал-Ботину дуна ботинӣ!
*(Қалби поке дар ман офарин, Эй Худои ман, ва виҷдони маро оромии наве бахш, Эй Умеди ман! Ба василаи руҳи қувват маро дар Амри Худ устувор кун, Эй Маҳбуби ман ва ба нури иззати Худ роҳи Худро бар ман ошкор кун, Эй Мақсади хоҳиши ман! Тавассути қудрати ҷалоли Худ маро ба осмони қудсияти Худ барор, Эй Сарчашмаи ҳастии ман, ва аз насими ҷовидоният маро шод гардон, Эй Худои ман! Оҳангҳои ҷовидонии ту бар ман оромӣ бибахшад, Эй Ёри ман, ва ғанои Чеҳраи бостоният маро аз ҳама ҷуз Ту раҳоӣ бахшад, Эй Саркори ман, ва муҷдаи зуҳури Зоти нофаноят маро шодӣ бахшад, Эй, Он ки Ошкортарини ошкорҳост, ва Ниҳонтарини ниҳонҳост!)

-Bahá'u'lláh
-----------------------

